РАО/РО
Гузоришҳои радиоӣ
Гузоришу барномаҳои Радиои Озодиро дар ин ҷо ва дар ҳар вақти муносиб гӯш кунед.
Where to listen?
Podcasts in the app Replaio Radio Coming soonPodcasts are coming to the app soon. Install now and be the first to see a whole new take on podcasts
Episodes
"928 километр марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маълум шуд" 29.07.2024 1:15
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва раиси гурӯҳи маконнигории Тоҷикистон, гуфт, 928 километр (94%) хати марзи ҷумҳурӣ бо Қирғизистон маълум шуд, вале ҷузъиёти суҳбатҳои ду тарафро ошкор накард. Маълум нест, феълан кадом қитъаҳои сарҳад ҳалношуда мондааст.
Шарҳи Шокирҷон Ҳакимов дар бораи боздошти Усмонзода 14.06.2024 2:16
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, Саидҷаъфар Усмонзода камтар аз арзишҳои демократӣ ва бештар аз манфиатҳои ҳизби ҳоким ва шахсияти президенту давлати Тоҷикистон ҳимоят мекард ва қазияи ӯ “суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.” Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, 12-уми июн дастгир шудааст.
Вокуниши Кабирӣ ба ислоҳи қонуни ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон 14.04.2024 2:06
Аз ин ба баъд ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки баъзеи онҳо худро "оппозитсия", аммо мухолифон "ҷонибдори ҳукумат" медонанд, аз ҳисоби буҷаи давлат пул ҷудо хоҳад шуд. Вакилони порлумон ин тағйиротро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 11-уми апрел қабул карданд. Вокуниши Муҳиддин Кабирӣ дар инҷост
Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд? 21.02.2024 4:33
Дар як соли гузашта ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз “кирдор”-е ёд шудааст, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”. Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.
"Вазорат як чиз мегӯяд, воқеият чизи дигар аст" 10.01.2024 3:58
Дар ҳоле ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии барзиёди ҳосил, аз ҷумла меваю сабзавот, дар соли 2023 хабар дод, сокинон аз гаронӣ ва баъзе аз коршиносон аз "изофанависӣ" нигарон ҳастанд.
Сабти IMEI кори мардумро душвор кардааст 05.01.2024 3:46
Нархи телефонҳои мобилӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефонро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабабро ба сабти IMEI рабт доданд.
Марде пораи ҷигари худро ба ҳамсараш дод 05.01.2024 5:03
Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.
Чаро ба Русия мераванду ба "Роғун" не? 05.01.2024 5:27
Дар ҳоле ки бахше аз сокинони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки танҳо дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 ҳазор коргар намерасад.
Тасдиқи барканории Ширин Амонзода баъди як сол 05.01.2024 4:07
Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.
Муҳокимаи муттаҳамон ба қатли бонкдори тоҷик 05.01.2024 2:38
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи муттаҳамон ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси "Ориёнбонк", бонки наздик ба хонаводаи президент, сар кардааст.
Писар "гунаҳкор", волидон – ҷавобгар? 28.11.2023 34:37
То куҷо падару модар ҷавобгӯйи рафтор ва амали фарзанди болиғи худ ҳастанд? Ё агар фарзанди нафаре дар Русия ё Аврупо даст ба амале зад, чаро дар дохил падару модар ё аъзои дигари хонаводаи ӯро дастгиру муҷозот мекунанд?
Модари тоҷик мехоҳад, ҳукумат ҷасади духтарашро ёбад 28.11.2023 3:57
Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтараш аст. Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигули 13 сола мегӯяд, ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар канал ё наҳри Варзоб, ки аз ҳудуди Душанбе мегузарад, ғарқ шудааст.
Изҳори нигаронии тоҷикон аз амалиёт дар Қазоқистон 27.09.2023 2:33
Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳабдаҳ сол боз дар Қазоқистон кор мекунад, аммо бори аввал чунин маъракаро мебинад. Мақомот гуфтанд, барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ амалиёти “Участок” мегузаронанд.
Нархи як маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон афзуд 27.09.2023 3:18
Нархи орд дар Тоҷикистон зиёда аз 18 дарсад афзудааст. Сокинон мехоҳанд, мақомот роҳи ҳалли мушкилро зудтар ёбанд, чун масъалаи орд дар Қирғизистону Қазоқистон ҳам "доғ" шуда, Бишкек содироти онро барои ним сол боздошт. Масъулони ҳукумат ва тоҷирон мегӯянд, болоравии нархи орд аз онҳо вобаста нест.
Талаби ҳашт намояндаи СММ аз ҳукумати Тоҷикистон 27.09.2023 3:22
Ҳашт коршиноси Созмони Милали Муттаҳид мунтазири посухи як нома ба ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, ки дар он аз сарнавишти хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ изҳори нигаронии амиқ шудааст.
Русия: Парвандаи Беҳрӯз баъди се сол ба додгоҳ рафт 27.09.2023 3:36
Парвандаи як зодаи Тоҷикистонро дар Екатеринбурги Русия баъд аз се соли боздошт ба додгоҳ фиристодаанд. Беҳрӯз Ғаниеви 30-сола ва ду ҳамроҳаш ба терроризм, доштани силоҳ, таҳияи маводи тарканда ва ҷиноятҳои дигар гумонзад ҳастанд. Пайвандонаш иттиҳомро рад мекунанд.
Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро ба низомиён дод 27.09.2023 2:35
Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро, ки то ин дам дар ихтиёри ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар буданд, ба итоати Вазорати мудофиа додааст. Қарорро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 31-уми август имзо кард. Радиои Озодӣ нусхаашро 25-уми сентябр дид.
Сабаби амалиёти давомдор ба зидди муҳоҷирон чист? 13.09.2023 4:40
Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд. Аз Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, пурсидем, ки сабаби баргузории амалиёти давомдор чист ва муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон, бояд чӣ кор к...
"Ҷамоати Ансоруллоҳ": Хуса ё таҳдид ба Тоҷикистон? 12.09.2023 7:31
Гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон шакл гирифтааст, солҳост дар Афғонистон зери назари Толибон амал мекунад. Толибон, ки моҳи августи соли 2021 назорати Афғонистонро ба даст гирифтанд, идораи бархе аз қитъаҳои марз бо Тоҷикистонро ба дасти ин гурӯҳ супурда буданд.
Талаби раҳоии Низомиддин: Номаи 4 созмон ба ҳукумат 12.09.2023 3:39
Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки иттиҳоми зидди фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро бекор ва ӯро озод кунанд. Баёнияи Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Дидбони Ҳуқуқи Башар, Freedom For Eurasia ва Freedom Now рӯзи 11-уми сентябр нашр шуд.
Барои худ ва дигарон. Кори тоҷикон дар Туркия 12.09.2023 3:47
Туркия макони кору зиндагии ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст. Бархе дар ин кишвар на фақат барои худ роҳу ҷойгоҳ пайдо кардаанд, балки барои дигарон ҳам ҷойи кор офаридаанд.
Чаро Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустамро дастгир карданд? 12.09.2023 37:24
Нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро паси панҷараи боздоштгоҳ бурд.
Ҷинояти сангин ё “ҷангҳои зери қолин”? 12.09.2023 5:30
Ҳуқуқшиносон ва манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, парвандаи китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” метавонад, баёнгари муборизаи пинҳонии қудрат дар долонҳои ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон бошад.
Баъзе ёрӣ гирифтанд, баъзе рӯ ба раҳми Худо нишастаанд 12.09.2023 4:12
Як қисми сокинони зарардида аз сел дар шаҳри Ваҳдат кумак гирифтаанд, вале баъзе мегӯянд, то ҳол касе аз ҳолашон хабар намегирад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байнулмиллалӣ барои як гуруҳ сокинон кӯрпаву болишт, орду равған ва маводи беҳдоштӣ додаанд.
Юсуф Раҳмон гуфт, ки чаро Холиқзодаро дастгир карданд 16.08.2023 3:49
Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино, дастгир шуда, ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" (қисми дуи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро дар назар дорад.
Replaio is not a podcast publisher; show names, artwork and audio belong to their authors and are distributed through public RSS feeds.