РАО/РО
Гузоришҳои радиоӣ
Гузоришу барномаҳои Радиои Озодиро дар ин ҷо ва дар ҳар вақти муносиб гӯш кунед.
Where to listen?
Podcasts in the app Replaio Radio Coming soonPodcasts are coming to the app soon. Install now and be the first to see a whole new take on podcasts
Episodes
Хомӯшии мақомот аз шарҳи ҷузъиёти гуфтугӯ дар бораи аломатгузории марз 07.08.2023 3:23
Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар сурат нагирифтааст. Дар ин муддат гурӯҳои кории ҳарду ҷониб 7 бор мулоқот кардаанд, вале ҷузъиёти он маълум нест.
Қатъи фаъолияти "Тоҷпромбонк". Тақдири мизоҷон чӣ мешавад? 07.08.2023 2:57
Фаъолияти “Тоҷпромбонк”, яке аз ниҳодҳои молии муфлисшуда дар Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи олии иқтисодӣ пура қатъ шуд. Парвандаи муфлисшавии бонк аз соли 2017 оғоз шуда буд.
Замини Донишгоҳи марбут ба Шабакаи Оқохон давлатӣ шудааст 07.08.2023 1:19
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) дар шаҳри Хоруғ аз болои ҳукми Додгоҳи олии иқтисодӣ дар бораи давлатӣ кардани замини ин муассисаи таълимӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардааст.
Баҳси сабти Ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон 03.08.2023 4:39
Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) барои сабти номи ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон ба Кумитаи дин муроҷиат кардааст. Раиси Кумитаи дин мегӯяд, ба ин рӯзноманигор талаботи қонунгузорӣ барои сабти иттиҳодияҳои диниро фаҳмонданд.
Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон кам, вале воридот афзудааст 21.07.2023 5:30
Натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал аз он гувоҳӣ медиҳад, ки содироти ин кишвар ба гунаи солҳои қаблӣ ҳамчунон камтар аз ҳаҷми воридот мебошад. Коршиносон ин амрро ба тағйирёбии бозори ҷаҳонӣ ва пойин рафтани арзиши маҳсулоти саноатӣ рабт медиҳанд.
Таътили тобистони хонандагони Китобхонаи миллиро кам накард 21.07.2023 4:52
Таътили тобистонаи донишомузон дар Тоҷикистон теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро кам накардаст. Донишҷӯён ва дӯстдорони китоб дар ин рузҳо низ саргарми мутолиа ҳастанд ва ба пажӯҳишҳои худ идома медиҳанд. Дарҳои китобхонаи асосии кишвар то соати даҳи шаб боз аст.
Толибон боз як ҳаққи духтаронро аз онҳо гирифтанд 19.07.2023 2:33
Дар идомаи маҳдудиятҳо бар занон ва духтарон, Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ахиран занонро аз ширкат дар имтиҳонҳои саросарии ворид шудан ба донишгоҳҳо ("имтиҳони конкур), манъ кард.
Ҳизби халқии демократӣ мисли Ҳизби коммунист яккатоз шудааст? 19.07.2023 6:30
Бештаре аз сиёсатшиносону соҳибназарон мегӯянд, ки ҳоло Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон ба мисли ҳизби коммунистии шӯравии пешин яккатоз шуда, ба ифтитоҳи мактабҳову муассисаҳои тиббӣ машғул аст.
Оилаҳо мунтазири бозгашти рӯзноманигорони маҳбусанд 19.07.2023 7:03
Назидкони рузноманигорони зиндонӣ мегуянд бо гузашти бештар аз як сол ба ҷудоӣ аз падари хонадон одат мекунанд. Вале бар душ гирифтани бори гарони зиндагӣ барояшон сахту сангин аст, зеро аксари рузноманигорони зиндонӣ ноноварони асосии оилаҳояшон будаанд.
Замини Донишгоҳи марбут ба Бунёди Оқохонро дар Хоруғ бозпас мегиранд? 18.07.2023 3:02
Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ тақозо кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.
Хушҳолӣ ва ҳам шикоят аз ҳосили зиёди зардолу 18.07.2023 2:37
Шохаҳои аксари дарахтони зардолу имсол аз серҳосилӣ ба замин моил шудаанд. Тоҷирону деҳқонон мегӯянд, барои ҷамъоварии ҳосил заҳмати зиёд мекашанду харҷи бештар мекунанд, вале фоидаи камтар мегиранд.
Содироти семент аз Тоҷикистон манъ шуд 17.07.2023 3:32
Тоҷикистон содироти сементро ба хориҷи кишвар манъ кардааст. Манъи содироти семент дар як номаи Хадамоти гумрук ба зерсохторҳои минтақавии он зикр шудааст.
Барканории генерали рус пас аз интиқодаш аз вазъи ҷабҳа 14.07.2023 2:58
Як генерали рус мегӯяд, пас аз он, ки вазъияти душвори ҷабҳаи Украинаро барои раҳбарони артиши Русия бозгӯ кард, ӯро аз мақоми фармондеҳӣ барканор карданд.
Қарори бастани Радиои Озодӣ дар Қирғизистон бекор шуд 13.07.2023 2:48
Додгоҳи шаҳри Бишкек созиши оштиро миёни "Азаттик Медиа" – бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Вазорати фарҳанги Қирғизистон қабул кард. Бар асоси қароре, ки рӯзи 12-уми июл эълон шуд, даъвои додгоҳӣ бас шуда, сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дубора дастрас мегарданд.
Барканории се мақомдори баландпояи БДА 12.07.2023 2:37
Дар пайи тасодуфҳои мудҳиш дар роҳҳои кишвар, ки чандин нафарро қурбон кард, се мақомдори Бозрасии давлатии автомобилӣ ё ГАИ барканор шудаанд. Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА аз мансаб ронда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл ба ҷойи ӯ Рустам Мирзомуродзодаро таъин кард.
Таҳқиқи худкушии зане дар ноҳияи Дӯстӣ 12.07.2023 4:31
Додситонии ноҳияи Дустӣ (собиқ Ҷиликул) нисбати як мард дар робита ба марги зани 23 сола, ки аз ӯ “зани дуюм”-и ӯ ном мебаранд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Наздикони ин зан мегуянд духтари онҳо дар пайи фишорҳои хонаводаи ин мард, қасди ҷони худ кардааст. ТАФСИЛОТРО ДАР ИН ГУЗОРИШ ШУНАВЕД:
Нерӯҳои Русия деҳаҳои Украинаро минакорӣ кардаанд 11.07.2023 3:12
Нерӯҳои Украина, ки деҳаи Нескучне дар вилояти Донетскро аз дасти сарбозони Русия озод кардаанд, онҷоро саропо минакоришуда ёфтанд. Деҳоти минакоришуда аз як тараф ва камингоҳу истеҳкомҳои сахти нерӯҳои Русия аз тарафи дигар ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина ва пешравии онҳоро душвор кардааст.
Бозсозии мақбараи Асосгузори давлати Сомониён 11.07.2023 4:33
Мақомоти Узбекистон ният дорад Мақбараи Асосгузори давлати тоҷикон, Исмоили Сомониро бозсозӣ намояд. Кормандони марказҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд баъди нав шудани Президент дар соли 2016 андаке намуди зоҳирии онро рангу бор карданд, ҳамакнун бозсозии куллӣ дар назар гирифта шудааст.
Қурби рубл дар Тоҷикистон боз паст шуд 10.07.2023 3:21
Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст, чунки рӯзгори онҳо ба пули муҳоҷирон бастагӣ дорад.
Ҷасади Рустам Ашӯровро аз Молдова ба Душанбе меоранд 09.07.2023 2:48
Ҷасади Рустам Ашӯров, гумонбар ба рабудани муовини раиси “Ориёнбонк”, ки дар фурудгоҳи Кишинёв ду касро куштау худ ҳам кушта шуд, аз Молдова ба Душанбе интиқол медиҳанд. Ба иттилои мақомоти Молдова, наздикони ӯ расмиёти заруриро барои бурдани ҷасад дуруст кардаанд.
Омбудсмен сомонаҳои давлатиро танқид кард 06.07.2023 4:31
Идораи Омбудсмен дар Тоҷикистон сомонаи додгоҳҳо ва вазорату идораҳои дигари давлатиро танқид кард. Ин ниҳод бар асоси як мониторинг гуфтааст, “сомонаҳои аксар мақомоту идораҳо ба талабот... мутобиқ нестанд, мазмун ва муҳтавои онҳо коста буда, пайваста нав карда намешаванд”.
Боздошти 6 тоҷик ба иттиҳоми терроризм дар Аврупо 06.07.2023 3:21
Мақомоти қудратии Олмон ва Ҳолланд нуҳ зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд, ки шаш нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд.
Беш аз $2000-и мардуми Ҳолланд ба сарбози собиқ дар Тоҷикистон 06.07.2023 3:57
Як филми телевизиони "VPRO" таваҷҷуҳи мардуми хайрхоҳро дар Ҳолланд ба сарнавишти сарбози маъюб дар Тоҷикистон ҷалб кард. Онҳо барои Бобоҷон Раҳимов бештар аз 2 ҳазор доллар ҷамъ оварданд.
Пайомади сел дар Тоҷикистон. Шарҳи Умеда Юсуфӣ 03.04.2023 2:58
Дар пайи борони пуршиддат дар чанд минтақаи вилояти Суғд сел омадааст. Мақомот гуфтанд, ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, вале боис ба зарар дидани роҳҳо, нақлиёти сокинон ва боғи зардолу шуд.
Чаро зилзила дар Осиё бештар аст? 29.03.2023 10:40
Заминларзаҳои паёпай дар Тоҷикистон ва баъди зилзилаи фалокатбору вайронгар дар Туркия ин суолҳоро дар байни корбарон барангехт, ки чаро фақат Осиё меларзад ва талафот медиҳад. Барои посух гирифтан ба ин суол, суҳбате доштем бо Муҳаммадҳусайни Чароғӣ, зилзилашинос аз Донишгоҳи илму санъати Эрон.
Replaio is not a podcast publisher; show names, artwork and audio belong to their authors and are distributed through public RSS feeds.